Маҳсулоти экспортбоби корхона

Дар моҳҳои март-­апрели соли ҷорӣ ба хоҷагии фермерии бисёрсоҳавии «Навобод наслли парранда» 88335 сар чӯҷаи наслдор оварданд. Бо мақсади дар паррандапарварӣ боз ҳам такмил додани наслофарӣ ба хоҷагӣ аз Венгрия низ 64868 сар чӯҷаи наслдори ROSS‑308 оварда шуд.
Чӯҷаҳои якрӯзаро мутахассисони украинагӣ, ки дар асоси шартнома кор мекунанд, ба муддати муайяншуда ба карантин гирифтанд. Баъди парвариши семоҳа аз тухм расондани паррандаи наслдор ба роҳ монда мешавад.
Шӯъбаи нозироти назорати маҷмӯи агросаноати назди Девони Вазирон дар ноҳияи Самарқанд дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо риояи қоидаҳои карантин назорати чӯҷаҳои наслдорро ба роҳ монд.
– Аз ҷониби давлатҳои содироткунанда пойгоҳи электронии тасдиқкунандаи маълумотҳои насли падару модари чӯҷаҳо бунёд гардид. Баъди ба итмомрасии муддати карантин базаи ҳисобҳо аз рӯйи расондани чӯҷаҳои наслдор ташаккул меёбад, – гуфт сарнозири шӯъба аз рӯйи назорати корҳои наслофарӣ Хуршед Хуррамов.
Хоҷагии фермерии бисёрсоҳавии «Навобод наслли парранда» яке аз корхонаҳои содироткунадаи ноҳия аст. Имрӯзҳо дар ин ҷо беш аз 300000 сар чӯҷаи наслдор парвариш карда мешавад. Хоҷагӣ моҳе зиёда аз 2 миллион дона чӯҷаи наслдор парвариш карда, қариб ба ҳамаи хоҷагиҳои паррандапарварии мамлакат мерасонад.
Дар вилоятҳои Андиҷон, Хоразм, Сурхандарё ва Тошканд филиалҳои коргоҳ фаъолият нишон медиҳанд. Аввал аз ҳамкорони германиягӣ чӯҷаҳои наслдор расонда шуда бошад, имрӯзҳо дар назди коргоҳ сехи инкубатсияи чӯҷакушоӣ ба роҳ монда шудааст. Бо ёрии ускунаҳои замонавии хориҷӣ аз ҳар 100-то тухм 90–95 дона чӯҷа мекушоянд.
Дар корхона дар як соат 20 тонна еми омехтаи парранда истеҳсол мешавад. Еми омехта ба Афғонистону Тоҷикистон низ содирот карда мешавад.
Дар давоми моҳҳои гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби хоҷагии фермерӣ ба миқдори 9,5 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шуд.

Хизмати ахбори Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ