Тартиби гирифтани кредити истеъмолӣ чӣ гуна аст?

Кредити истеъмолӣ қарзест, ки ба шахси ҷисмонӣ (истеъмолчӣ) барои хариди мол (кор, хизматрасонӣ) дода мешавад.
Кредитҳои истеъмолӣ ба шахсони ҷисмоние дода мешаванд, ки аз фаъолият, нафақа ва дигар даромадҳо маблағи иловагӣ ба даст меоваранд.
Кредити истеъмолӣ барои хариди молҳои (хидматҳои) зерин дода мешавад:
таҷҳизоти рӯзгор, техникаи компутер, радиоэлектроника ва таҷҳизоти барқӣ;
хариди мебел ва дигар ашёи рӯзгор;
️хариди роҳхатҳои табобат дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, марказҳои фароғатӣ, хонаҳои истироҳат дар қаламрави Ӯзбекистон;
️гузаронидани ҷашнҳо (тӯйҳо, солгардҳо);
️таъмири мошинҳои хусусӣ ва ғайра.
Миқдори кредит, мӯҳлат, ставкаи фоиз, ҷадвали пардохтҳо дар шартномаи кредити истеъмолӣ инъикос карда мешаванд.
Барои гирифтани кредит ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
ариза барои ҷудо кардани кредит;
шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
маълумотнома дар бораи даромади қарзгиранда аз ҷойи кор, ё дигар ҳуҷҷате, ки миқдори даромади қарзгирандаро тасдиқ мекунад;
ҳуҷҷатҳое, ки баргардонидани қарзро таъмин мекунанд (масалан, кафолати шахсони ҷисмонӣ ё ҳуқуқӣ, гарави амвол ё коғазҳои қиматнок, полиси суғурта дар бораи хатари барнагардонидани қарз).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ