Алишер Мақсудов – раиси нави кумитаи экология


Алишер Мақсудов бар асоси фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон раиси нави кумитаи экология ва ҳифзи муҳити зист таъин шуд.
Алишер Мақсудов соли 1974 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабук ва донишгоҳи давлатии иқтисоди Тошканд мебошад.
Мақсудов аз соли 2017 то ба имрӯз раиси ширкати давлатии “Ӯзпахтасаноат” буд.
Шавкат Абдураззоқов, раиси собиқи кумитаи экология моҳи марти соли ҷорӣ ҳокими вилояти Навоӣ таъин гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ