Дар яке аз кишварҳои ҷаҳон Facebook мамнӯъ шуд


Шӯрои вазирони давлати Ҷазираҳои Сулаймон шабакаи иҷтимоъии Facebook-ро хатарнок донист ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Дар ин бора Solomon Times хабар дод.
Сарвазир Манассе Согаваре ва Питер Шанел Аговака, вазири иртиботот ва ҳавопаймоӣ ташаббускорони ин иқдом ҳастанд. Онҳо “маводди баҳсноку ҷанҷолӣ”-ро, ки баъзеашон танқиди ҳукумат буданд, ҳамчун сабаби манъ шудани шабакаи иҷтимоӣ нишон доданд.
Бо вуҷуди он, ки расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва ниҳодҳои давлатӣ аз Facebook истифода мебаранд, шабакаи иҷтимоъӣ манъ шуд. Аммо аъзои ҳукумат таъкид мекунанд, ки ин иқдом ба озодбаёнии расонаҳои хабарӣ таъсири манфӣ надорад.
То ҳол дар Эрон, Чин ва Кореяи Шимолӣ Facebook мамнӯъ шуда буд. Ҷазираҳои Сулаймон чаҳорумин кишвар шуд, ки ин шабакаи иҷтимоиро “душман”-и худ донист.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ