Ӯзбекистон то июни соли 2021 60 дар сади аҳолиро зидди коронавирус бо ваксина эм кунониданист

Ӯзбекистон нақшаи то моҳи июни соли оянда 60 фоизи аҳолиро зидди коронавирус бо ваксина эм карданро дорад. Дар ин бора ҷонишини сардори Хизмати осоиштагии санитариву эпидемиологӣ ва солимии ҷамоатии Ӯзбекистон Б.Қурбонов дар симпозиуми виртуалии дар мавзӯи «Пандемияи COVID-19: даъват ба илму фани замонавӣ» гузаронидашуда маълум кардааст. Б.Қурбонов айни замон аз рӯйи дар мамлакат ташкил кардани эмкунӣ зидди коронавирус як қатор чорабинӣ амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, нақшаи дар фазаи якум гирифтани 500000 доза ваксина аз рӯйи барномаи ваксиякунонии COVAX — и Ташкилоти ҳифзи тандурустии ҷаҳонӣ пеш гузошта мешавад. «Мо аз рӯйи коркард ва паҳнкунии ваксина зидди COVID-19 ба механизми COVAX ҳамроҳ шудем. Нахуст барои 10 фоизи аҳолӣ аз COVAX ваксина мегирем, сипас дар нимсолаи дуюм, боз 5 миллионто ваксина мегирем» гуфтааст Б. Қурбонов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ