Эҳтироми байроқ — вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандӣ

Рӯзи 16-уми ноябр дар толори мактаби таълими умумии рақами 34-и ноҳияи Самарқанд бо иштироки шоиру нависандагон, фаъолони маҳалла, омӯзгорони мактаб, хонандагон ва падару модарони онҳо ба муносибати Рӯзи қабули парчами давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Тадбирро омӯзгори мактаб Гулсанам Қурбонова ифтитоҳ намуда, аввалан иштирокдоронро ба муносибати ҷашни рӯзи парчами давлатӣ самимона табрик ва муборакбод намуд.
Дар доираи чорабинӣ ҷонишини сарвари шӯъбаи таълими халқи ноҳия, узви гурӯҳи тарғиботӣ М.Акрамов, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чоршанбе А.Ғафуров, шоира Н.Исоева, роҳбари гурӯҳи “Шашмақом” Ф.Очилов ва дигарон ба сухан баромада, аз мақому манзалати байроқ сухан намуданд. Ёдовар шуданд, ки ҳар сол рӯзи 18-уми ноябр дар саросари кишвар, Рӯзи қабули парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Байроқи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолият ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи халқ мебошад, — гуфт шоира Н.Исоева. Аз ин рӯ, эҳтироми байроқ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар доимо пойдор бошад.
Дар рафти чорабинӣ як гурӯҳ хонандагони мактаб бо баромадҳои ҷолиб, суруду рақсҳои зебо кайфияти иштирокдоронро болида намуданд.
Инчунин, ба хонандагони пешсаф ва фаъол ифтихорномаву тӯҳфаҳо супорида шуд.

Сурайё НОРМАТОВА, директори мактаби таълими умумии рақами 34-и ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ