«Global Export» то охири соли 2020 дар ҳаҷми 1 миллион доллари ИМА зироатҳои лӯбиёгӣ ба Таиланд экспорт мекунад

Консулгарии генералии мамлакати мо ба ширкати пешбари содироти маҳсулоти меваю сабзавоти Ӯзбекистон — «Global Export» бори аввал дар бастани шартнома бобати то охири соли 2020 дар ҳаҷми 1 миллион доллари ИМА интиқол додани зироатҳои лӯбиёгӣ ба Таиланд кӯмак кард.
Моҳи ноябри соли равон зироатҳои лӯбиёгӣ аз Ӯзбекистон ба маблағи 260 ҳазор доллар содир карда шуданд.
Интизор меравад, ки қарордод то охири сол пурра иҷро карда шавад. Ҷонибҳо омодагии худро барои имзои созишномаи нав дар бораи интиқоли то 1000 тонна маҳсулот аз ҳосили соли 2021 изҳор карданд.
Ба гуфтаи намояндагони тиҷорати Таиланд сифат, таъми хуш, меъёрҳои бастубанд ва мутобиқат бо андозаҳои маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон барои васеъ кардани доираи таъминот ба бозори Таиланд дар солҳои наздик имкониятҳои васеъ доранд.

АИ «Дунё».
БАНГКОК.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ