Оё сардшавии ҳаво боиси паҳншавии коронавирус мегардад?


Ҳоло баъзеҳо фикр мекунанд, ки сард шудани ҳаво дар даври пандемия хавфи паҳншавии коронавирусро бештар мекунад. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Аврупо бо мавҷи дувуми пандемия мубориза мебаранд. Баъди чанд кишварҳо Туркия низ соати комендантӣ ҷорӣ кард, кафе ва ресторанҳо баста шуданд. Хӯш, сардшавии ҳаво ба вазъият чӣ таъсире дорад? Ба ин саволҳо мутахассиси маркази матбуотии вазорати ҳифзи тандурустӣ ҷавоб дод.
Севара Убайдуллоева, узви ситоди мубориза бо коронавирус:

  • Мегӯянд, ки бо сард шудани рӯзҳо ҳамзамон бо паҳншавии бемориҳои сироятӣ, мутатсияи коронавирус низ шиддат мегирад. Вақте, ки соли гузашта нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд, рӯзҳои охири тирамоҳ ва оғози зимистон буд. Аз ин метавонем хулоса кунем, ки ҳавои сард эҳтимоли сирояти коронавирусро бештар мекунад. Дар ҳарорати ҳавои сард вирус метавонад дар организми инсон бештар бимонад.
  • Набояд фаромӯш кунем, ки бо паст шудани ҳарорати ҳаво паст шудани ҳарорати бадани одам ва заъиф шудани системаи иммуни одам мумкин аст. Бофтаҳои хунукхӯрдаи бадани инсон барои барқарор кардани фаъоиляти худ ба энергияи зиёд эҳтиёҷ дорад. Дар чунин вақт ниёзи бадани одам ба сафедаҳо, углеводҳо, витаминҳо ва микроэлементҳои гуногун зиёд мешавад. Ба ин далел, дар мавсими сард бисёре аз бемориҳо “фаъолтар” мешаванд.
  • Вақте, ки организми инсон мубталои чандин беморӣ аст, мушаххас ва муолиҷа кардани коронавирус душвортар мешавад. Барои фарқ кардани коронавирус аз дигар бемориҳои сироятӣ ва роҳи нафас муаммоҳо пайдо мегарданд.
    Мутахассис барои коҳиш додани хатари сирояти коронавирус тавсияҳои худро низ афзуд,
  • Дар чунин шароит аз мардум мехоҳем, ки барои мустаҳкам кардани системаи иммуни худ бештар мева ва сабзавот хӯранд ва ба фосилаи иҷтимоӣ то ҳадди имкон риоя кунанд. Ниқобҳои тиббӣ дар ҳоли ҳозир беҳтарин воситаи ҳимоя аз коронавирус аст. Бояд ҳамеша аз онҳо истифода кард. Вақте, ки шамолхӯрдагӣ эҳсос мешавад, бояд зуд ба шифокор муроҷиат кард ва барои пешгирӣ аз он тадбирҳои заруриро амалӣ кард. Маслиҳат медиҳем, ки барои беҳсозӣ (профилактика) бояд бештар наъматак, лимон ва дигар гиёҳҳоро дар об ҷӯшонем ва оби онро мунтазам бинӯшем.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ