Ӯзбекистон бо маблағи ИМА дар Афғонистон роҳи оҳан хоҳад сохт


Дар қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон – “Дар бораи чораву тадбирҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон” лоиҳаи сохтусози роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул, ки барои роҳ ёфтани Ӯзбекистон ба бандаргоҳҳои дарёии Покистон имкон медиҳад, дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора «Gazeta.uz» хабар медиҳад.
Барои амалӣ кардани ин лоиҳа, бар асоси муроҷиати муштараки сарони Ӯзбекистон, Афғонистон ва Покистон аз ширкати байналмилалии молиявии рушди ИМА ва дигар созмонҳои молиявии ҷаҳон маблағи зарурӣ ҷалб карда мешавад.
Дар моҳи декабри соли ҷорӣ вазирони ҳамлу нақли ин се кишвар дар ин бора музокира баргузор хоҳанд кард.
Ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳа то моҳи июни соли 2021 анҷом ва аз моҳи сентябри соли 2021 сохтусози роҳи оҳан оғоз хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ