Абдулазиз Комилов бо ёвари котиби давлатии ИМА мулоқот кард


Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 17 ноябр дар Вашингтон бо Роберт Дестро, ёвари котиби давлатии ИМА ва идораи ҳуқуқи башар ва кор мулоқот кард.
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷӣ, дар ин мулоқот рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Дар мулоқот намояндаи ИМА дар бораи таъмини озодӣ ва ҳуқуқи башар, мубориза бо коррупсия, озодбаёнии расонаҳои хабарӣ, аз байн бурдани кори маҷбурӣ ва ғайра дар Ӯзбекистон маълумот гирифт.
Роберт Дестро ба ислоҳоту тағйироте, ки бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон амалӣ мешавад, баҳои баланд дод.
Тарафҳо таъкид карданд, ки Ӯзбекистон ва ИМА барои мустаҳкам кардани робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои судманд омода ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ