Нокомии асосии Барак Обама дар даври раисҷумҳуриаш чӣ буд?


Барак Обама, раисҷумҳури собиқи ИМА дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии “RTL”-и Олмон нокомии асосии худро дар даври раисҷумҳуриаш ошкор кард.
Обама эътироф кард, ки то ҳол дилаш ба ҷанги дохилии Сурия месӯзад.
Ӯ гуфт, “Ҳангоми “баҳори арабӣ” Миср ва баъд Ливия эътиборро ба худ кашиданд, вале, он замон фурӯпошии Сурия оғоз шуда буд”.
Ба гуфтаи Обама, ӯ дар он ҳангом натавонист ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонад, ки набояд ба фурӯпошии Сурия роҳ дод. Сиёсатмадор гуфт, “Ман наметавонам лаҳзае аз фикри пайомади ранҷу азоби инсонии он худро фориғ кунам”.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар дӯконҳои китоби ИМА китоби ёддошти Обама бо номи “Замини ваъдашуда” дастрас шуд. Раисҷумҳури собиқи ИМА дар китоб давраҳои кӯдакӣ ва сиёсатмадорӣ ва раисҷумҳурии худро ҳикоя мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ