Дар ноҳияҳои Каттақӯрғон ва Ургут марказҳои махсуси COVID-19 баста шуданд


Дар шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияи Ургут марказҳои махсуси COVID-19 баста шуданд. Ин ду марказро ҳокимият ва шӯъбаи ҳифзи тандурустии вилоят таъсис дода буданд. Дар ин бора “Дарё” ба нақл аз маркази матбуотии шӯъбаи ҳифзи тандурустии вилоят хабар дод.
Ин ду марказ барои мубталоён ҳамагӣ 700 ҷой доштанд. Дар ҳоли ҳозир шумори бемороне, ки ба марказ меоянд, хеле кам шудааст. Ба ҳамин далел, ин марказҳо баста шуданд.
Ҳоло шумори мубталоёни коронавирус дар маркази махсуси шаҳри Самарқанд низ хеле кам аст. Гуфта мешавад, ки дар ин марказ беш аз 200 нафар муолиҷа мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ