Вазорати вазъиятҳои фавқулодда оиди якчанд рӯз давом кардани обу ҳавои номусоид огоҳӣ дод

Обу ҳавои номусоид, ки рӯзи 18-уми ноябр оғоз гардид, дар шароити рӯзи 20-уми ноябр ҳам идома меёбад. Суръати бод 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат паст шуда, шабона 8-15 дараҷа, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. «Бо саршавии хунукӣ дар роҳҳо ях ва тирбандӣ ҳосил мешавад. Инро ба назар гирифта, бе пайдо нашудани зарурият ба кӯча бо воситаи нақлиёти шахсӣ баромадан тавсия намешавад! Дар ҷойи кор ва манзили зист ба қоидаҳои бехатарии истифода аз ускунаҳои электр ва печҳо риоя кунед!» гуфта мешавад дар хабари ВВФ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ