Дар яке аз кишварҳои камшумор, ки ба COVID-19 бегона буд, нахустин ҳолат беморӣ сабт шуд


Дар Самоа нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора «Samoa Observer» хабар дод.
Туилаэпу Саилеле Малиелегаои, сарвазири Самоа гуфт, ки нахустин гирифтори коронавирус дар ин кишвар киштирон буда, аз шаҳри Окленди Зеландияи нав ба Самоа омадааст.
Киштирон баъди чор рӯзе, ки дар карантин сипарӣ шуд, барои ташхиси коронавирус тест супурд ва натиҷаи он мусбат буд. Ӯро дар хонаи алоҳида ҷойгир карданд ва баъди як рӯз ӯ дубора тест супурд. Ин бор натиҷа манфӣ буд.
Ҳоло киштирон дар бемористон аст.
Ёдовар мешавем, Самоа, ки ҷазирадавлат дар уқёнуси Ором аст, яке аз кишварҳои камшумори холӣ аз коронавирус ба шумор меравад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ