Иттиҳоди Аврупо барои ёрӣ ба ба мардуми Кӯҳистони Қаробоғ €3 миллион ҷудо кард


Иттиҳоди Аврупо барои ёрии фавқулодда ба аҳолии Кӯҳистони Қаробоғ, ки дар натиҷаи ҷанг осеб дид, 3 миллион евро ҷудо кард. Баёнияи комиссияи Аврупо дар ин бора эълон шуд.
Дар баёния чунин гуфта мешавад, “Комиссияи Аврупо дар бораи ихтисоси 3 миллион доллари иловагӣ барои ёрии инсондӯстона ба аҳолии Кӯҳистони Қаробоғ, ки дар ҷанг осеби зиёд диданд, тасмим гирифт”.
Ёдовар мешавем, Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз дар моҳи октябр, ки дар ҷанг минтақа оғоз шуда буд, барои ёрии инсондӯстона 900 ҳазор евро ҷудо карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ