Чин умед дорад, ки баъди Трамп робитаҳо бо ИМА тағйир меёбанд


Ҳукумати Чин умедвор аст, ки ИМА баъди иваз шудани раисҷумҳураш робитаҳои худро бо Пекин тағйир медиҳад. Дар ин бора Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар мусоҳиба бо рӯзномаи Asharq Al-Awst гуфт.
Ба назари Ван И, Доналд Трамп сабабгори бӯҳронӣ шудани робитаҳои ду кишвар мебошад. Ба гуфтаи вазири Чин, Трамп нахост эътироф кунад, ки Пекин ҳаққи рушд карданро дорад.
Ван И афзуд, ки ИМА ба роҳи оқилона бармегардад ва ба рушди Чин ва дигар кишварҳо воқеъбинона нигоҳ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ