Дастгирии иҷтимоии аҳолӣ – вазифаи муҳим

Дар ҳудуди сектори дуввуми шаҳри Самарқанд дар доири чорабиниҳо таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав” ба як гурӯҳ ниёзмандон ёрӣ расонида шуд.
Дар доираи тадбир, ки бо ташаббуси ҳокимият ва прокуратруаи шаҳр, дар ҳамкории шӯъбаи корҳои дохили, таълими халқӣ ва иттиҳодияи тиббии шаҳр ташкил гардид, дастархони идона ороста шуда, ба 78 нафар писару духтароне, ки бо сабабҳои гуногун аз падару модари худ ҷудо гардидаанд, либосвории зимистона тӯҳфа карда шуд. Инчунин, ба 30 нафар зану духтарони эҳтиёҷманд, бекор, ки дар “Дафтари занон” ҳастанд мошинҳои дӯзандагӣ тақдим гардид.
Дар доираи чорабинӣ озмунҳои гуногун, мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардида, ба иштирокдорони фаъол тӯҳфаҳо супорида шуд.

Тӯлқин СИДДИҚОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ