Марҳилаи нави тараққиёт


Дар базмгоҳи “Ҷавоҳир”-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Галаосиёи шаҳри Самарқанд таҳти шиори «Ӯзбекистони нав — ҷаҳонбинии нав» чорабинии маънавӣ ва маърифатӣ баргузор гардид.
Вакилони ҳокимияти шаҳр, аъзои гурӯҳи корӣ, шифокор ва ҳамшираҳои патронажи поликлиникаи оилавии рақами 6, омӯзгор ва хонандагони мактаби таълими умумии рақами 38-и шаҳр ва дигарон иштирокдори тадбир буданд.

  • Ба сухан баромадагон тағйиротҳои бузургеро, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ рух додаанд, як-як гуфта гузаштанд.
  • Тайи се-чор соли охир дар ҳамаи соҳаҳо, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд, — гуфт имом-хатиби маҳалла А.Маматқулов. — Ин ҳолат ҳар як фарди хайрхоҳи кишварро шод месозад. Ба таври мисол, аҳолии зиёди миёнаҳол ва камбизоат соҳиби манзил мегарданд, аз ҳоли шахсони танҳо, бепарастор хабар мегиранд. Дили дардманду маъюбон ба туфайли ин ғамхориҳо таскин меёбад. Шаҳру деҳот дар асоси барномаҳои давлатӣ обод мегарданд. Муҳимтар аз ҳама дар ақлу шуури одамон дигаргунӣ ба вуҷуд меояд. Умуман кишвари мо ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардидааст.
    Дар идомаи чорабинӣ хонандагони мактаб дар доира 5 ташаббуси муҳим баромадҳои ҷолиби худро пешкаши иштирокдорон намуданд.
    Ба хонандагони фаъол ва пешқадам ташаккурнома, китобҳо тӯҳфа карда шуд.
    Бояд гуфт, ки таҳти шиори «Ӯзбекистони нав — ҷаҳонбинии нав» чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар деҳаҳои дурдаст идома доранд.
    Дилором АБУЛХАЙРОВА, ҷонишини раиси маҳаллаи «Галаосиё»-и шаҳри Самарқанд доир ба масъалаҳои оила, зану духтарон ва иҷтимоиву маънавӣ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ