Ҳисобот намояндагони халқро қонеъ накард

Рӯзи 18-уми ноябр дар ҳокимияти вилоят сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид.
Ба сессия ҳокими вилоят, раиси Шӯро Э. Турдимов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал ҳисоботи ҳокими ноҳияи Оқдарё Ш. Худойбердиевро роҷеъ ба иҷрои Барномаи инкишофи иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия дар соли 2020 шуниданд.
Қайд гардид, ки дар давоми соли равон амалӣ кардани 42-то лоиҳаи арзиши умумиаш 293,5 миллиард сӯмина ва ташкили 604-то ҷои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 40-то лоиҳаи арзиши умумиаш 293,2 миллиард сӯмина амалӣ гардида, 614-то ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудаанд.
Барои ин 18,3 миллиард сӯм кредити бонк, 133,6 миллиард сӯм маблағи худи ташаббускорон, 13,7 миллион доллар кредити хориҷӣ ва 410 ҳазор доллар сармояҳо (инвеститсия)-и хориҷиро ҷалб карданд.
Аз ҷумла, ҶММ «Самарқанд Камалак Инвест текстил» лоиҳаи арзишаш 14,8 миллион долларинаро амалӣ кард, ки дар натиҷа, соле 5,5 ҳазор тонна калобаи ресмон истеҳсол карда мешавад. Дар ин корхона беш аз 300-то ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, ҳар сол ба буҷет беш аз 5 миллиард сӯм маблағ пардохта мешавад.
Намояндагони халқ ҳангоми муҳокима роҷеъ ба масъалаҳое, ки роҳбарони секторҳои ноҳия бояд дар фаъолияти худ эътибор диҳанд, пешниҳод ва тавсияҳо баён карданд.
Сипас, ҳисоботи сардори Садорати ҳавзаи сохторҳои обёри (ирригатсия)-и «Зарафшон» Ф. Раҷабов дар бораи ҳолати ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи об барои ривоҷдиҳии хоҷагии қишлоқ ва иҷрои вазифаҳо дар ин самт шунида шуданд.
– Бояд гуфт, ки дар кори сессия ба ҳисоботи хушку холӣ пешниҳод намудани роҳбарон зарурате намонд.
Маълумотҳое, ки ҳоло меоред, пешакӣ даст­раси ҳозирон шудаанд, шумо аз шӯро чӣ хел ёрӣ мепурсед, дар ҳалли кадом муаммо кӯмаки намояндагони халқ лозим аст, дар бораи онҳо сухан гӯед, – гуфт раиси Шӯро Э. Турдимов. – Корҳое, ки бар асоси барномаҳо иҷро карда мешаванд, бо роҳи худ, вале шумо дар соҳа, дар ҳамин сохтор чӣ хел навигарӣ кардан мехоҳед, иҷрои кадом тағйироти инноватсиониро ба нақша гирифтед. Намояндагони халқ мехоҳанд ҳаминҳоро фаҳманд.
Дар сессия баромади аз маълумоти умумӣ иборати ҷонишини сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Сайфиддин Мӯъминов роҷеъ ба корҳое, ки барои муҳофизати саломатии модарон ва кӯдакон амалӣ карда мешаванд, намояндагони халқро қонеъ накард.
Аз ҷумла, вай мисол оварда натавонист, ки ба кадом мавзеи ин ҳолат самт душвор рафта, вазъиятро таҳлил кардаасту ёрии амалии зарурӣ расондааст. Инчунин, маълумоти таҳлилӣ роҷеъ ба ин масъалаи рӯзномаи сессия оварда нашуданд.
Барои ба дараҷаи кифоя надидани тайёрӣ ба сессия ва муносибати хунукназарона ба иҷрои вазифаҳои лавозимӣ таклиф пешниҳод гардид, ки С. Мӯъминов аз вазифа сабукдӯш карда шавад.
Дар сессияи навбатӣ аз рӯйи ин масъала шунидани ҳисоботи сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Д. Ҷумъаниёзов муайян гардид.
Дар кори сессия инчунин, роҷеъ ба интихоби номзадҳо ба ордени «Фахрий мураббий», омӯхтан ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти онҳо, номзадҳое, ки комиссияи вилоятии интихоб пешниҳод кардааст, баррасӣ карда шуд.
Сипас, муддати ниҳоии амалӣ шудани лоиҳаҳои инвеститсиониро аз рӯи қитъаҳои замине, ки маҷбуриятҳои инвеститсионӣ ва иҷтимоӣ муайян шудаанд, маълум карданд. Инчунин, лоиҳаҳоеро, ки маҷбуриятҳои инвеститсионӣ саривақтӣ иҷро нашудаанд, таҳлил намуданд.
Ҳангоми муҳокима қарорҳо дар бораи ҷудо кардани замин ба 5-то субъекти тадбиркорӣ, ки маҷбуриятҳои инвеститсиониро иҷро накардаанд, бекор карда шуда, ба савдои музояда гузоштани майдонҳои замини мазкур муайян гардид.
Дар сессия лоиҳаи қарори ҳокими вилоят «Дар бораи ба воситаи майдончаи савдои электронии «E-IJRO AUKSION» ба савдои музояда гузоштани объектҳои мулки давлатие, ки бекор истодаанд» мавриди муҳокима қарор ёфт.
Ғайр аз ин, масъалаҳои истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят, пардохти қарзҳое, ки дар натиҷаи корҳои сохтмон ва таъмир солҳои 2019–2020 ба миён омадаанд, муҳокима карда шуданд.
Қарорҳои шӯроҳои намояндагони халқи ноҳияҳо дар бораи муайян намудани сарҳадҳои воҳидҳои маъмурӣ – ҳудудӣ тасдиқ гардиданд.
Дар сессия масъалаи ташкилӣ дида шуд. Нуруллоев Ботурҷон Ӯткировичро ба вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои сайёҳӣ ва ривоҷдиҳии спорт тасдиқ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ