Имкониятҳои калоне, ки ҳоло истифода нашудаанд

Дар Ҷомбой меҳмонхона, истироҳатгоҳ, боғи ҳайвонот ва масканҳои сайёҳӣ месозанд.
Тадбиркорон мавқеи ҷуғрофии ноҳияи Ҷомбойро ба ҳисоб гирифта лоиҳаи сохтмони 1-то меҳмонхона, 2-то истироҳатгоҳ боғи ҳайвонот, 15-то маскани дамгирӣ ва 21-то масканҳои сайёҳро таҳия карданд. Масканҳои сайёҳӣ дар шафати роҳи байналмилалии М‑39, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад, бунёд карда мешаванд.
Дар ин бора ҳокими ноҳияи Ҷомбой Қаюм Собиров дар анҷумани матбуотӣ хабар дод. Вай таъкид кард, ки дар натиҷаи амалӣ кардани ин лоиҳаҳо 480-то ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. То имрӯз ба 1,5 ҳазор нафар сайёҳони маҳаллӣ ва 250 нафар хориҷӣ хизмат расонда, аз он ба буҷет 10 миллион сӯм гузаронданд.
Агар лоиҳаҳои мазкур пурра амалӣ шаванд, дар солҳои 2020–2021 ба 50 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ хизмат хоҳанд расонд. Дар натиҷа ба буҷети ноҳия 5 миллиард сӯм дохил мешавад.
Инчунин, барои инкишофи туризми зиёрат қадамҷойҳои муқаддасеро, ки 10 маҳаллаи ноҳия воқеъ ҳастанд, обод мекунанд.
Хизмате, ки имрӯз ба сайёҳон расонда мешавад, нисбати имкониятҳои мавҷудбуда хеле кам аст, – гуфт Қ. Собиров. – Ҳанӯз ҳам аз мамнӯъгоҳи миллии «Зарафшон» ба таври кифоя истифода бурда намешавад.

Ҳ.ЭЛТОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ