Сифати кӯчаи Тирмиз мувофиқи талаб нест

Ронандаҳо нақлиёташонро дар роҳи равони кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ озод пеш ронда ба сечароғи буришгоҳи бо кӯчаи Тирмиз наздик меоянду мошинҳои назди он турнақатор истодаро дида асабонӣ мешаванд. Чунки дар ин ҷо баъзан сечароғ кор накарда мемонаду тирбандӣ («пробка»-и дароз) ба вуҷуд меояд. Баъзан то ба тарафи маҳаллаи Мӯлиён тоб хӯрдани мошин 4–5 дақиқа мегузарад. Аз тирбандӣ кӯчагадоҳо (баъзан занҳо бо кӯдакашон) истифода бурда ба дари мошинҳо наздик шуда, аз барои ризогии Худо ба онҳо пул додани ронандагонро талаб мекунанд. Назди сечароғи чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Тирмиз, ки пагоҳӣ ва бегоҳирӯзӣ нақлиёт тирбанд мешавад, сабаби инро дар солҳои охир бисёр шудани адади мошинҳо, васеъ набудани кӯчаи Тирмизи шаҳри Самарқанд, ба талаб ҷавобгӯ набудани сифати роҳ, банд карда мондани роҳравҳо ва ғайра медонам. Баъзе роҳҳои шаҳр ва атрофи шаҳрӣ барои мошинҳо аз ҳад зиёд хурдӣ мекунад. Дар баъзе ҷойҳои роҳи ҳудуди маҳаллаи Мӯлиёни кӯчаи Тирмиз мавсими боришот сар нашуда, чуқурчаҳо пайдо мешаванд. Дар ин қисми кӯча барои ҳаракати пиёда ва велосипедронҳо шароит нест. «Тадбиркорон» роҳравҳоро баста, «бизнес» мекунанд. Масалан, дар роҳрав шағали маҳин (шебёнка), қум барин ашёи сохтмон мегузоранд. Ин ба ҳаракати пиёдагардҳо, велосипедронҳо ва мошинҳо халал мерасонад. Савол пайдо мешавад, ки чаро мутасаддиён ба ин ҳолатҳо, яъне ба таври доимӣ кор кардани сечароғ дар чорроҳаҳои калон, аз ҷониби одамон банд кардани роҳравҳо эътибор намедиҳанд?
– Дар ноҳияи Самарқанд зиндагӣ дорам. Дар ташкилоти шаҳр кор мекунаму 5 рӯзи ҳафта вақти корравӣ бо сабукравам аз чорроҳа, буришгоҳи кӯчаҳои Тирмиз ва Садриддин Айнӣ пагоҳӣ ва бегоҳирӯзӣ мегузарам. Дар назди сечароғи ин ҷо мошинҳо ҳамеша турнақатор меистанд. Сечароғ баъзан аз сабаби қатъшавии қувваи барқ кор намекунад. Дар натиҷа, дар ин ҷо зуд-­зуд мошинҳо ба ҳам бар мехӯранду ронандаҳо асабонӣ мешаванд. Агар дар ин хел чорроҳаҳо сечароғҳои бо нури офтоб коркунанда мемонданд, бисёр хуб мешуд, – гуфт яке аз ронандаҳо, сокини ноҳияи Самарқанд Толибҷон Сафоев.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ