Чаро ба китфи кӯдакон зада мехобонанд?

Дар дунё баъзе кору амалҳои хурду назарногире ҳаст, ки агар онро таҳлил карда, сабабашро ҷӯем, дар ҳайрат мемонем. Яке аз чунин амалҳо нарм-­нарм ба китфи кӯдакон зада, хобонидан мебошад. Акнун саволе ба миён меояд, ки барои чӣ айнан ба китфи кӯдак зада, ӯро мехобонанд? Мо оиди ин масъала аз якчанд нафар пурсон шудем.
Майсара ШАРОФОВА,
нафақахӯр, сокини ноҳияи Самарқанд:
– Одатан дар китфи рости инсон фариштаи некӣ, яъне Раҳмону дар китфи чапи инсон фариштаи бад – Шайтон менишинад. Лекин кӯдаконро, ки бегуноҳ меҳисобанд, дар ду китфи онҳо низ фариштаҳои некӣ ҷой мегиранд. Бинобар ҳамин модарҳо ба китфи кӯдакон навозишомез зада, алла мегӯянд, онҳоро мехобонанд. Барои орому беозор хоб кардани кӯдакон фариштаҳо нигоҳубини онҳо мешаванд. Фариштаҳо кӯдаконро аз дидани хоби бад нигоҳ медоранд.
Фирӯза БӮРИЕВА,
аз шаҳри Самарқанд:
– Вақте ки кӯдакро модараш ба китфаш зада мехобонад кӯдак хотирҷамъ хоб меравад, ки модар дар паҳлӯяш аст. Инчунин нисбати дигар аъзоҳои бадани кӯдак аз ҷумла сар, пешона, шикам ва дигарҳо китфи ӯ сахттар буда, ҳамин рафтор ба кӯдакон фораму ҳаловатбахш мебошад.
Замира ФАЙЗИЕВА,
донишҷӯ:
– Ин одат ҳамчун анъана аз бибиҳоямон то ба мо омада расидааст. Аз ҳамин сабаб кӯдаконро чунин мехобонанд.
Нигора АБДУРАҲИМОВА,
шифокори бачаҳои Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд:
– Дар китфи бачаҳо системаи асаб мавҷуд аст, ки дар вақти модар ӯро орому оҳиста ба китфонаш зада хобонидан кӯдак ором мегирад. Ҳатто агар тифли навзодро ҳам ба китфаш бо мулоимӣ зада, алла гӯед, зуд хобаш мебарад. Инчунин кӯдак бо ин восита дилпур мешавад, ки дар паҳлӯйи ӯ модараш ва ё дигар наздиконаш ҳастанд. Бо ҳамин сабабҳо кӯдак орому ширин ба хоб меравад.
Фикри шуморо муштариёни азиз дар ин бора интизорем.

Сӯҳбаторо
Малика ҶУМЪАЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ