Эй дӯст, ба ғайбатат маро паст мазан…

Ғайбат яке аз иллатҳои бадтарини ҷамъият аст, ки маънои он айби касеро дар қафои касе гуфтан, айбҷӯйӣ намудан аз ақиби шахси дигар мебошад.
Дар ҳақиқат, одами бомаданият ҳеҷ вақт ғайбати касеро намекунад ва аз ғайбатчиён дурӣ меҷӯяд. Он шахсе, ки худашро ҳурмат намекунад, айбҷӯйӣ карда, нодонии худро нишон медиҳад.
Фаридуддини Аттор мегӯяд:
Рав, забон аз ғайбати мардум бубанд,
То набинӣ дасту пойи худ ба банд.
Аз Абу Ҳурайра (р. а.) ривоят аст: Пайғамбар (с. а. в.) гуфтаанд: «Ҳар шахс нуқси мусулмонеро пинҳон дорад, Аллоҳ айби ӯро дар ин дунёю охират ниҳон хоҳад дошт».
Модар бетоб мешавад. Дар хона ҳеҷ кас нест. Фарзандаш дар синфи сеюм мехонад. То ба модар чой меоварад, бо шустушӯй банд мешавад, соат 8-и пагоҳӣ мешавад. Тозон сумкаашро гирифта, ба мактаб меравад. Муаллим мегӯяд:
– Ҳой эркатулфор, боз дер мондӣ?
– Модарам бетоб аст.
– Дар хона ба ғайр аз ту каси дигар набуд?
– Падарам дар хориҷа.
– Ҳа, пул бисёр, ман бойбача гӯй?
Бача шарм медорад ва дилаш аз мактаб мемонад. Дар натиҷа, аз ин мактаб меравад. Ин ғайбати нофаҳмӣ ва нотавонбинист, ки ба шахсияти ӯ таъсир карда буд. Барои ҳамин ҳам мегӯянд, ки дар вақти сухан кардан боэҳтиёт бош. Чунки ҳар як сухан 365 паҳлӯ дорад.
«Забонро аз дурӯғу суханчинӣ ва дашному тӯҳмат ва ғайбату ғаммозӣ бастам» гуфта мешавад дар «Нигори дониш».
Оилаҳо вайрон мешаванд аз ғайбат. Хелҳои вай хеле бисёр:

Ба шахсе тӯҳмат карда аз қафояш ғайбат кардан;

Махсусан барои обрӯ резондан;

Дар натиҷаи нодонӣ, бесаводӣ ғайбат кардан.
Дар сӯҳбатҳо, маъракаҳо агар ғайбаткунӣ сар шавад, мо бояд аз ҷой хеста берун шавем.
Зи пуштам макун ғайбат,
Туро гӯям саломат бош.
Забон як порча гӯшт аст, он устухон надорад. Дар ин дунёи фонӣ мо ҳама меҳмонем. Бо якдигар дӯст ва бародарем. Камбудии дӯстро дида, зуд онро ислоҳ кунем. Аксарияти гуноҳҳо ба воситаи забон сар мезананд. Бинобар ин, ба забонамон эҳтиёт шавем. Инсон бояд сухани хуб гӯяд, ё хомӯш истад. Ба ғайбат роҳ надодан беҳтар аст. Охир, забон барои ғайбат нест. Беайб Парвардигор.
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст,
Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст.
Агар айби ту гардад бар ту зоҳир
Ба айби кас куҷо пардозӣ охир.
Саъдии ШЕРОЗӢ.
Донишмандон ғайбатро бадтарин ва пасттарин сифати инсонӣ мешуморанд. Ҳатто дар назди дӯстон ғайбат намудан ба шахсияти онҳо нописандӣ аст. Бо як даҳон ғайбат инсони бузург бошад ҳам, арзишу қимати хубро гум мекунад.
Рӯзе писар устодашро таърифу тавсиф кард. Падар гуфт:
– Устодат ҳамон харбузадузд аст?
– Дадаҷон, ин тавр нагӯед, он кас муаллими ман ҳастанд.
Падар ба фикр ғӯта мезанад. Хатои худро фаҳмида, аз гуфтааш пушаймон мешавад. Ба хулоса меояд, ки аз ин гуфтугӯ бӯйи ғайбат меояд.
Падар фикр карда илова кард: ин воқеа дар вақти ҷавонӣ содир шуда буд. Ӯ дигар ин хел номаъқулӣ накардааст, чунки дар бачагӣ – мо ҳар ду ба полиз даромада будем. Бригадир дошта, гӯшҳои моро сахт кашида буд ва ҷазоямонро гирифта будем. Ту хафа нашав. Ман ҳазл кардам.
Афсӯс, ки баъзе падарон дар назди фарзанд на ҳамеша узр мепурсанд. Агар узр пурсанд, фарзандон ҳам ба онҳо пайравӣ мекунанд.
Эй дӯст ба ғайбатат маро паст мазан,
Гапҳои баланду паст чун маст мазан.
Гар бошӣ ту дӯст чун дӯст таҳқир макун,
Бар сурату бар сирати ман даст мазан.

Н.САИДОВА,
сокини маҳаллаи Сӯзангарони шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ