Тарзи оффлайну онлайни таълим, вале мақсад ягона…

Вақте ки дар маҳаллаи Талибарзуи поёни ноҳияи Самарқанд аз дарвозаи мактаби таълими умумии рақами 41 ба дарун даромадам, чашмонам ба дастшӯякҳои нави гузошташуда афтод. Онҳо ду моҳ пеш набуданд. Майдончаи сафшавии назди дари асосии мактаб бо бӯр ҷойи ҳар як синфи мактабро баръало нишон додаанд. Бо тавсияи директори мактаб Наим Саломов ӯ бо ҷонишини директор доир ба корҳои маънавӣ-­маърифӣ, омӯзгори фанни таърих Шаҳноза ҒАНИЕВА ҳамсӯҳбат шудам.
– Аввало дар бораи ҳайат (контингент)-и мактабатон маълумот медодед…
– Дар мактаби мо 84 нафар педагог ба 1284 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд. Таълим ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ аст. Аз 44 синфи мактаб 18-тоаш синфи тоҷикӣ мебошад. Як нафар омӯзгор соҳиби тоифаи олӣ, 12 нафар соҳиби тоифаи якум, беш аз 40 нафар соҳиби тоифаи дуюм ва боқимонда соҳиби тоифаи саввум мебошанд. Дар мактабамон фанҳои забони англисӣ ва математика амиқ омӯзонда мешавад. Мақсади асосии мо бо риояи қоидаҳои санитарӣ баланд бардоштани сифати таълим ва додани тарбия аст.
– Дар мактабҳо дарсҳои чоряки дуюм оғоз шуд. Дар давраи пандемияи коронавирус асосан ба чиҳо бештар эътибор додан лозим?
– Хонандаҳои мактаб дар ду баст таълим мегиранд. Пеш аз саршавии дарс бачаҳо дастҳояшонро бо воситаҳои антисептикӣ тоза мекунанд. Баъд таби бадани онҳо санҷида мешавад. Ҳар як синф дафтари филт дорад. Дар он ҳар рӯз таби хонандаҳо қайд карда мешавад. Агар таби хонанда аз 37 дараҷа баланд бошад, падару модари хонандаро даъват мекунем. То омадани онҳо ҳамшираҳои мактаб П. Насимова ва М. Барноева хонандаро дар хонаи алоҳида нигоҳ медоранд. Баъзан ҳамшираҳои тиббии аз филиали поликлиникаи оилавии рақами 34 ба мактаб омада, ба кори назорати саломатии хонандагон ёрӣ мерасонад. Дар чоряки аввал 20 фоизи мактаббачаҳо ба тарзи онлайн таълим гирифтанд. Ба доштани масофаи иҷтимоӣ ҳам эътибор медиҳем. Хонандаҳо дар партаҳо яктоӣ мешинанд. Дар мактаб бастани ниқоби тиббӣ ҳатмист. Ба фарзандони оилаҳои камбизоат беш аз 1000 ниқоби тиббӣ бепул тақсим карда шуд.
– Дар мактабҳо бояд ба тарбияву таълими духтарон, хусусан ба саломатии онҳо дучанд эътибор дода шавад. Зеро онҳо модарони оянда ҳастанд…
– Ҳамшираҳои тиббӣ ба таври доимӣ аз саломатии хонандаҳо, аз ҷумла духтарон бохабар ҳастанд. Фасли баҳорон дар байни духтарон озмуни «Духтарони ороста» ташкил мегардад. Аз байни духтарони синфи 11 ҳар сол ба мукофоти «Зулфия» номзадҳо интихоб мекунем. Соли ҷорӣ дар озмуни ноҳиявӣ шарафи мактабамонро духтарҳои фаъоли синфи 11»Б» Сабина Садриева ва Шаҳзода Орифова ҳимоя карданд.
– Ҳоло қариб, ки ҳамаи хонандаҳои синфҳои болоӣ телефонҳои замонавии кисагӣ доранд. Тартиби ба мактаб овардани телефон чӣ хел аст?
– Ба хонандагон бо телефон омадан манъ нашудааст. Аз онҳо танҳо овардани телефонҳои одӣ талаб карда мешавад. Аксари хонандаҳои синфҳои болоӣ (асосан писарбачаҳо) бо телефонҳои замонавӣ меоянд. Мо рӯзи панҷшанбе рейд мегузаронем. Телефонҳои хонандагони ин ё он синфро аз санҷиш мегузаронем. Месанҷем, ки хонанда аз интернет чиро мебинаду мехонад. Агар хонанда вақти дарс аз телефон истифода барад, муаллим метавонад аз дасти хонанда онро гирифта, ба хонаи муаллимон оварда монад ва падару модари вайро ба мактаб даъват намояд.
– Чанде аз омӯзгори мактабро, ки бо дарсдиҳию муносибат бо шогирдон намунаанд, номбар мекардед…
– Ҳукуматамон маоши мо – муаллимонро якчанд маротиба зиёд кард. Барои ҳамин омӯзгор хуб кор накунад, айб мешавад.Устодони мактабамон вазифаи худро бо масъулият иҷро мекунанд. Аз омӯзгорамон Назира Ҳакимова (омӯзгори фанни математика), Абдусаид Обидов (ҷонишини директор оиди корҳои маънавӣ ва маърифӣ, омӯзгори фанни технология), Дилафрӯз Раҳмонова (омӯзгори санъати тасвирӣ), Соҷида Ҳакимова (забони русӣ) бо корбарии худ ба дигарон намуна ҳастанд.
– Ҳоло дар мактабҳо ба тарзи анъанавӣ ва онлайн таълим дода мешавад. Ба фикри шумо таълими тарзи онлайн самара медиҳад?
– Аксари омӯзгорон тарафдори таълими тарзи анъанавӣ (офлайн) ҳастанд. Афзалияти он зиёд аст. Мулоқоти рӯ ба рӯйи муаллим ва хонанда таълими босифатро кафолат мекунад. Мактабҳо 2 сол боз ин ҷониб бо нахи оптикӣ таъмин шудаанд. Ба падару модарон логин ва паролҳо дода мешавад.
Тарзи таълим хоҳ офлайн бошад, хоҳ онлайн, мақсади асосӣ баланд бардоштани сифати таълим аст.

Мусоҳиб Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ