Китоб хонед, эй ҳамсолон!

Ҳафтаи гузашта барои гирифтани китобҳои бадеӣ ба сӯи китобхонаи мактаб равона шудам. Маро китобдори китобхона Азиза Султонова бо кайфияти болида қабул карданд. Аз байни китобҳо китоби «Хирмани сухан»-ро интихоб кардам. Ин китобро бо шавқу ҳаваси зиёд хонда ба охир расонидам. Дар ин китоб, ки аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷима шудааст порча аз драмаи «Падаркуш»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ҳикояҳо аз «Дар бузкашӣ»-и Абдулло Қодирӣ, ёддоштҳо аз «Бачагӣ»-и Ойбек, қитъаҳо аз асари «Роҳҳо, солҳо, устоҳо»-и Ҳамид Ғулом, порча аз романи «Одами чашмбаста»-и Шукрулло, ҳикояи ёддоштии «Яхмос»-и Одил Ёқубов ва дигарон оварда шудааст. Ман асарҳои адибони ӯзбекро бо забони модарии худ хонда, ғизои маънавӣ гирифтам. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Ҳангоми мутолиаи ин китоб дар олами зебои адабиёт сайр кардам. Ман барои меҳнати фидокоронаи мутарҷим ва мураттаби китоб таҳсин мегӯям.
Китоб манбаи дониш аст. Агар инсон бисёр китоб хонад, маънавият, маданият, тарзи рафтору гуфтораш беҳтар мегардад.
Хулоса, китоб ганҷинаи бебаҳо ва дӯсти наздиктарини безабон аст, ки дар ҳама гуна ҳолат ба мо ёвару ғамхор мебошад. Вақти мутолиаи китоб бояд мо бо тамоми ҳастӣ худро дар даруни воқеоти асар эҳсос кунем, ҳамдам, ҳамроз ва ҳамдарди қаҳрамонҳои асар гардем ва дар ниҳоят аз рафти воқеаҳо хулоса барорем ва дар охир хулосаву ибрози худро барорем.

Асалой БОЛТАБОЕВА,
хонандаи синфи 11-и мактаби таълими умумии рақами 39-уми ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ