Таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон бекор карда шуд

Бо сабаби пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон ҳама чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Соли нав бекор карда шуданд.
Қарори дахлдорро Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 қабул кардааст.
Дар боғҳои Душанбе арчаҳои солинавӣ гузошта намешаванд.
Дар рӯзҳои таътил сокинони кишвар танҳо метавонанд дар боғҳо ва ҷойҳои истироҳати фарҳангӣ мувофиқи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии масофаи иҷтимоӣ сайругашт кунанд.
Чун анъана, Соли нав дар Тоҷикистон ҳар сол ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи Соли нав тамоми майдонҳо ва боғҳои кишвар, асосан майдони «Дружба» дар Душанбе, бо арчаҳои солинавӣ оро дода шуда, ҷашнҳои оммавӣ баргузор мешуданд.
Имрӯз дар Тоҷикистон 40 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишвар 11 731 нафар ва фавтидагон 86 нафарро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ