Футзалбозони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бозии дӯстона баргузор карданд


Рӯзи гузашта ҷамоаҳои миллии футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Тошканд бозии дӯстона баргузор карданд.
Бино ба хабари championatasia.com, шогирдони Баҳодир Аҳмедов дар ин бозӣ бо натиҷаи 4 бар 2 ғолиб шуданд.
Дар таркиби Ӯзбекистон Акбар Усмонов (2 бор), Анасхон Раҳматов ва Даврон Чориев дарвозаи рақибонро ишғол карданд. Дар таркиби Тоҷикистон Парвиз Раҳматов ду бор номи худро дар табло сабт кард.
Александр Забирадзе, сармураббии футзалбозони Тоҷикистон баъди бозӣ ба Ӯзбекистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё орзуи муваффақият кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ