ИМА як қисми сарбозонашро аз Ироқ берун меоварад


Фуод Ҳусайн, вазири корҳои хориҷии Ироқ дар бораи сарбозони амрикоӣ, ки кишварро тарк мекунанд, маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, 500 нафар сарбози ИМА Ироқро тарк мекунанд. Баъди ин шумори сарбозони амрикоӣ дар Ироқ то 2 500 нафар коҳиш меёбад.
Фуод Ҳусайн гуфт, ки бо вуҷуд кам шудани сарбозони ИМА дар Ироқ, ҳамкориҳои Бағдод ва Вашингтон дар соҳаи низомӣ идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, Кристофер Миллер, муовини вазири мудофиаи ИМА чанде пеш эълон кард, ки ИМА то 15 январи соли 2021 шумори сарбозонашро дар Афғонистон ва Ироқ то 2 500 нафар кам мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ