ЛИБОСПӮШӢ НИЗ МАДАНИЯТ ДОРАД

Инсон аз ҳайвон, асосан, бо ақлу идрок фарқ мекунад.
Инсон аз ҳайвон, асосан, бо ақлу идрок фарқ мекунад. Ҳамин ақлу идрок забон ва дертар либосро офарид. Бале, одам аз дигар махлуқот бо либоспӯшии худ фарқ мекунад. Либос асосан ду вазифаро иҷро мекунад: якум – пинҳон кардани аврат. Ҳатто одамони ибтидоӣ ҳам аврати худро бо баргҳои дарахтон пӯшидаанд; дуюм вазифаи либос аз сардию гармӣ ҳифз намудани бадан аст. Либоспӯшӣ дар ҳар давру замон ба табиат ва иқлими ҳамон макон иртибот доштааст. Либоспӯшӣ ҷанбаҳои ахлоқу одоб, маданияту маънавияти либоспӯшӣ низ дорад. Бинобар ин, дар тӯли асрҳо маданияти либоспӯшии ҳар як миллат ташаккул ёфтааст. Солҳои охир зери таъсири ҷараёни ҷаҳонишавӣ маданияти либоспӯшӣ дигар шуд ва ин масъала мавриди муҳокимаи ҷиддии аҳли ҷомеа қарор гирифтааст. Баъзеҳо ба масъалаи одоби либоспӯшӣ беэътиборона назар меандозанд, либоспӯширо кори шахсӣ ҳисобида мегӯянд, ки дигарон ҳақ надоранд ба ин мухолифат кунанд. Дунёи маънавии инсон дар маданияти либоспӯшии ӯ зоҳир мегардад. Агар дар инсон ор, номус, шарм, ҳаё… бошад, либоси нафратовар намепӯшад ва обрӯю ҳурмати худро бо либоспӯшиаш нигоҳ медорад. Дӯппӣ, кулоҳ, фӯта барин сарпӯшҳо хусусияти ба худ хос доранд. Масалан, аз қадимулайём либоси ҳарбии ба худ хоси халқҳои гуногун мавҷуд. Либоси ҳарбӣ ҳангоми адои хизмат қулайиҳоро доро буда, ба рӯҳият ва неруи аскарон таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳатто шахси оддӣ ҳам либоси аскариро ба бар намояд, худро бардаму солим ҳис намуда, ҳаракат мекунад, ки чун аскар қадам гузорад. Дар давраи пеш аз ислом – замони ҷоҳилия ба маданияти либоспӯшӣ, покизагии гирду атроф, хонаву ҷой, гигиенаи шахсӣ аз паси панҷа нигоҳ мекарданд.
Ислом инсонро мукаррам донист, ба риоя намудани маданияти либоспӯшӣ, зебоии сурат ва сирати ӯ эътибори алоҳида дод. Дар сураи “Аъроф” чунин омадааст: “Эй фарзандони Одам! Ба шумоён барои пӯшондани аврат либос офаридем. Либоси тақво беҳтарини либосҳост. Он яке аз оятҳои Аллоҳ мебошад”. Аллоҳ барои пинҳон намудани аврат – айби Одам либос ато намудааст. Зарурати либос аврати шахсро аз бегонаҳо пинҳон доштан аст. Вале Аллоҳ натанҳо барои аврат, балки барои пӯшондани дигар аъзои инсон либоси зебо нозил намуд. Аз ин рӯ, инсоне, ки мувофиқи шариат либос ба бар мекунад, инсони базеб мебошад. Либоси асосӣ либоси тақвост. Агар либоси оддӣ авратро пӯшонда, ҷисмро зинат диҳад, либоси тақво аврати маънавиро пӯшонда, қалби инсонро зинат мебахшад.
Имрӯзҳо аксарият даъво доранд, ки либоси тақво қашанг бошад кифоя, либоси зоҳирӣ, ки авратро хоҳад пӯшонд, беаҳамият аст. Ин ҷоҳилӣ ба шумор меравад. Агар либоси тақвои шахс дар ҷояш бошад, либоси ҷисмонияш низ базеб хоҳад шуд. Шайх Шаъбӣ мегӯяд: “Либосеро пӯш, ки аҳмақон аз болоят наханданд ва фақеҳон (донандаҳои шариат) айб накунанд”. Муҳаммад ибни Сирийн гуфтаанд: “Гузашта шуҳрат дар пӯшидани либоси дароз буд, баъд рӯ ба дигаргунӣ овард”.
Умар ибни Хаттоб “Либоси дағал ва куҳнаро пӯшед”, гуфта панд додаанд. Мегӯянд, ки ҳангоми дар минбар хутба хондани ин зот ҳафт ҷойи куртаи танашон дарбеҳ будааст. Аз қадимулайём ба одоби либоспӯшии шарқонаи мо, бахусус либоси занон, эътибори махсус додаанд. Либоси онҳо, ғайр аз рӯй ва ду даст, бояд дигар ҷойи баданашонро мепӯшонд. Имрӯзҳо баъзе ҷавондухтарон пӯшидани либоси танг, аз зону боло, кӯтоҳ, сари дил ва шикамкушодаро «мӯд» кардаанд, ки ин хилофи одоби дини мост. Дар натиҷаи омӯзиши мутахассисони бемориҳои пӯсти Амрико маълум шудааст, ки занони кишварҳои Ғарб ҷавон бошанд ҳам, ҳусн ва ҷозибаи худро зуд гум мекунанд. Баръакс, занони муслимаи 70-80-сола зебо, оҷангҳои рӯяшон кам, нисбати занони Ғарб ба бемориҳои гуногун кам дучор мешудаанд. Мусалмон баробари дигар соҳаҳо, дар либоспӯшӣ низ бояд бомаданият бошад, бо меҳнати ҳалол либос харида пӯшад. Дар тани инсон, яъне, либоси ӯ осори неъмати Аллоҳ инъикос ёбад. Агар шахс бо назардошти имконият ва даромади худ либос пӯшад, боз беҳтар аст. Пайғамбар(с.) ба яке аз шахсони доро гуфтаанд: “Аллоҳ агар ба ту молу дунё ато карда бошад, бояд асари неъмат ва икроме, ки Ӯ ба ту додааст, намоён шавад!”

Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддини Нақшбанд,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ