Боз дар Ӯзбекистон тиллочиёни ғайриқонунӣ боздошт шуданд

Гвардияи миллии вилояти Самарқанд тиллоҳорони ғайриқонуниро дастгир карданд. Дар ин бора 21-уми ноябр нашрияи интернетии darakchi.uz хабар дод.
Амалиёт рӯзи 16-уми ноябр дар якҷоягӣ бо Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пахтачӣ гузаронида шуд. Дар кони Қорақӯтон дар маъдан-26, сенздаҳ нафар барои берун баровардани ғайриқонунии маъдани тилло боздошт шуданд. Боздоштшудагон сокинони маҳаллии минтақа буданд.
Ҳамчун далел як мошини Damas ва як мотосикли сурх, ки рақами давлатиаш сабт нашудааст, ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин парванда тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи берун баровардани ғайриқонунии тилло дар наздикии Самарқанд нест. Дар моҳи июни соли 2020 тақрибан 40 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ