Дар Ӯзбекистон намояндагии “Маркази муҳоҷират”-и Русия фаъолият оғоз мекунад


Намояндагони “Маркази муҳоҷират”-и Русия барои баррасии масъалаи таъсиси намояндагии ин муассиса дар Ӯзбекистон ба Тошканд ташриф овард.
Бино ба хабари агентии муҳоҷирати кории хориҷӣ, Сергей Балдин, сармудири муассисаи “Маркази муҳоҷират”-и Русия дар оғози ташриф бо фаъолияти маркази “Ишга марҳамат” дар Тошканд ошно шуд.
Ҳамчунин, намояндагони Русия бо роҳбарони агентии муҳоҷирати кории хориҷӣ мулоқот карданд. Дар мулоқот масъалаи ифтитоҳи намояндагии “Маркази муҳоҷират” дар Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ