Абдулазиз Комилов бо вазири мудофиаи ИМА мулоқот кард


Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 19 ноябр дар Вашингтон бо Кристофер Миллер, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА дидор кард.
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар мулоқот масъалаҳои ояндаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мудофиа баррасӣ шуд.
Кристоф Миллер ба Ӯзбекистон барои нақши асосӣ бозиданаш дар таъмини амният ва барқарории Осиёи Марказӣ сипосгузорӣ кард ва гуфт, ки ИМА барои ҳалли муаммоҳои муштараки амниятӣ бо Ӯзбекистон робитаҳои худро ҳифз хоҳад кард.
Тарафҳо таъкид карданд, идомаи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои низомӣ, мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти сарҳадӣ муҳим аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ