Туркия ба зудӣ сарбозони худро ба Озарбойҷон мефиристад


Сарбозони Туркия ба зудӣ ба Озарбойҷон мераванд. Дар ин бора Хулуси Акар, вазири мудофиаи миллии Туркия рӯзи 21 ноябр маълум кард.
Бино ба хабари Anadolu Ajansı, Хулуси Акар гуфт, ки Туркия барои назорати Қаробоғ бо Русия созиш кардааст.
Ба гуфтаи вазири турк, сарбозони Туркия чи дар ватан ва чи дар берун аз он хидмати худро “бо эҳсоси вантанпарварӣ” анҷом медиҳанд.
Ӯ афзуд, “Мо бо Русия музокираҳо баргузор кардем. Мо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манофеъи бародарони озарбойҷониамон ҳама кори заруриро анҷом хоҳем дод”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ