Инсулт даво дорад?

Ба касоне, ки инсултро аз сар гузаронидаанд ё дар сарҳади сактаи мағзи сар қарор доранд, асабӣ шудан қатъиян манъ аст. Ба шумо хоби ором, ғизои солим ва ҳавои тоза мисли обу ҳаво зарур аст. Фишори хунатонро доим назорат карда истед, то боло наравад. Дар Русия барои муолиҷаи сактаи мағзи сар ба беморон мӯмиёро тавсия медиҳанд. Тарзи истифодааш чунин аст:
Якум. 10 грамм мумиёро дар каме оби ширгарм ҳал намуда, ба зарфи пластикӣ андозед ва то гардани бутилка ба он об резед. Ҳар саҳар баробари аз хоб бедор шудан як қошуқ аз ин об нӯшидан лозим аст. Дар ҳолати эҳсос намудани вазнинӣ метавонед пеш аз хоб низ як қошуқ оби мӯмиёдор бинӯшед. Давраи муолиҷа бо мӯмиё 30 рӯз аст. Пас аз ин 10-15 рӯз танаффус намуда, баъдан даври дуюми табобатро сар мекунанд.
Дуюм. Ҳамарӯза истеъмол намудани 30 гр чормағз, 20 гр кишмиш ва 20 гр панир дар якҷоягӣ асабҳоро ором карда, мушакҳои дилро пурқувват месозад ва хастагиро рафъ менамояд.
Сеюм. Сафора ном дарахте ҳаст, ки 10-15 метр баланд шуда, самари лӯбиёшакл дорад. Гулу самари ин дарахт дар муолиҷаи сактаи мағзи сар таъсири хуб расонда метавонад. 15 гр гули дарахти сафораро дар зарфе андохта, аз болояш 200 гр оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед як соат истад, сипас онро соф карда, рӯзе 3 маротиба ним соат пеш аз ғизохӯрӣ 50 граммӣ бинӯшед. Ин обро ҳамчунин метавонед ба дасту пойи карахтшудаатон бимолед. Шабона докаи чорқабатаро дар ин об тар карда, ба пушти саратон компресс намуда хобед, то саҳар осуда хоб меравед ва ҳолатон рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Мувофиқи маълумотҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, инфексияҳои роҳи нафас, ки аз вируси зуком (грипп) ба вуҷуд меоянд, дар қатори 3 бемории бештар сабаби марги одамон мешуда ҷой гирифтаанд.
Зукоми дуруст табобатнашуда ба бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ оварда мерасонад. Мутаассифона, кам касон ба ин беморӣ эътибор дода, ба духтури ЛОР (отоларинголог) муроҷиат мекунанд. Беэътиноӣ дар ин гуна ҳолатҳо оқибати ногувор дорад.

Ангина одамро мекушад?
Бодомакҳо дар гулӯ аз ду тарафи забонча ва коми нарм ҷой гирифтаанд ва ҳангоми ба ин касалӣ гирифтор шудан варам мекунанд. Ангинаро микробҳои гуногун, асосан стрептококкҳо ба вуҷуд меоранд. Шароити номусоид, масалан, хунукӣ ё ногаҳон тағйир ёфтани ҳарорати муҳит микробҳоро фаъол мегардонад ва муҷиби хурӯҷ намудани беморӣ мешавад. Баъзе одамон яхмос хӯранд, пояшонро тар ё оббозӣ кунанд, дарҳол ба ангина гирифтор мешаванд.
Дуду чанг, мавҷудияти аденоидҳо ба пайдоиши ангина мусоидат мекунанд. Газаки бинӣ, гайморит, дандонҳои пӯсида ҳам боиси хурӯҷи ин касалӣ гашта метавонад.

Аломатҳои беморӣ
Ангина одатан ногаҳон сар мешавад. Гулӯ танг ва хушк шуда месӯзад, ҳангоми фурӯ бурдани луқма дард мекунад. Одам бемадор мешавад. Сар вазнин ва таб пайдо мешавад. Бодомакҳо сурх шуда, дар пардаи луобиашон доначаҳои римнок, яъне зардобдор ба вуҷуд меоянд.
Ангина ҳамагӣ 7–8 рӯз давом мекунад, агар бемор сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, табобати лозимаро бигирад.

Ба табиб муроҷиат кунед
Ангинаи табобатнашуда метавонад боиси ревматизм, бемориҳои дилу гурдаҳо гардад. Ба духтур дер муроҷиат кардан ё бо худтабобаткунӣ машғул шудан, сабаби он мегардад, ки ангина оқибатҳои аз ин ҳам нохуштар ба бор меорад.

Ангина сабабгори марг мешавад?
Римхонаи атрофи бодомак (думбали назди бодомак) аломати анҷоми бади ангина аст. Одатан он баъди 2–3 рӯзи нест шудани аломатҳои ангина пайдо шуда, таби бемор якбора баланд (39–40 С ) мегардад. Гулӯ сахт дард мекунад ва бемор обу хӯрок хӯрда наметавонад. Дар натиҷаи газаки гиреҳҳои лимфавӣ гардан варам мекунаду римхонаи назди бодомак васеъ, гулӯ танг мешавад ва нафаскашӣ қатъ мегардад.
Ангинаро бо доруҳои аз ҷониби духтур тавсияшуда табобат бояд кард. Худсарона дору хӯрдану сӯзандору гузаронидан мумкин нест.

Ангина сироятпазир аст?
Ангина бемории сироятист. Барангезандаҳои ангина гурӯҳи микробҳои фасодзо, аз ҷумла, стрептококкҳо ва стафилакокҳоянд. Ин микробҳо тавассути ғизо, қатраҳои оби даҳони бемор, зарфи нимшуста ва маҳсулоти аз стафилококк сироятшуда ба ҷисми инсон ворид мегарданд.

Табобат дар хона
Ҳангоми авҷ гирифтани ангина чой бо лимӯ, компотҳои гарм, набиз (оби ғулингу мавиз) кумак мерасонад. Гарм ва зуд-зуд нӯшидани нӯшокиҳо боиси аз ҷисм берун рафтани заҳрҳо мегардад. Ғизоҳои ширӣ ва сабзавотии аз витаминҳои С ва В бойро бештар бояд истеъмол кард. Аз ғизоҳои тез, ҷӯш ва хунук худдорӣ намудан лозим аст.

Оё нӯшобаи тахач давои коронавирус аст?
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) протоколи фазаи сеюми санҷиши клиникии доруҳоро, ки аз гиёҳҳои африкоӣ барои муолиҷаи COVID -19 тайёр карда шудаанд, имзо намуд. Тибқи иттилои сомонаи ин ниҳод, қаблан коршиносони СҶТ дар Африқо пешниҳод карда буданд, ки давоҳои мардумӣ барои муолиҷаи сирояти нави коронавирус омӯхта шавад.
Ин пешниҳод баъди он садо дод, ки Президенти Мадагаскар Андри Радзуэлин ба коршиносони байналмилалӣ маслиҳат дод, то ки нӯшобаи дар асоси тахач тайёркардашударо дар беморони гирифтори COVID-19 санҷанд. Қаблан ин нӯшоба дар муолиҷаи зидди вараҷа (маллерия) самарабахшиашро нишон дода буд. Ҳоло он зери унвони COVID — Organics ё CVO дар бархе аз кишварҳои африқоӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Фазаи сеюми санҷиши нӯшоба барои баҳодиҳии пурраи самаранокии даво нақши ҳалкунанда дорад. Агар давои гиёҳӣ бехатар, самаранок ва кафолатнокӣ нишон диҳад, СҶТ онро барои истеҳсоли миқёсан бештар тавсия хоҳад дод.

С. АМИНИЁН

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ