Коронавирус: Дар як рӯз беш аз 195 ҳазор бемори нав дар ИМА

Рӯзи 20 ноябр дар ИМА 195 542 нафар ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси ИМА хабар дод.
Дар ин рӯз дар ИМА 1 878 нафар бемор фавтиданд.
Аз оғози пандемия дар ИМА 11,91 миллион нафар мубталои коронавирус шуданд. Беш аз 254 ҳазор бар асари ин беморӣ даргузаштанд.
Ёдовар мешавем, ду рӯз қабл омори шабонарӯзии коронавирус дар ИМА 182 601 нафар бемор буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ