Баъди ҳисоби такрории овозҳо дар Ҷорҷия ғалабаи Ҷо Байденро ба сурати расмӣ эълон карданд


Дар иёлати Ҷорҷияи ИМА овозҳои интихобкунандагонро дубора шумурданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки Ҷо Байден дар ин иёлат ғолиб шудааст. Баъди ин дар Ҷорҷия ба таври расмӣ ғолиб шудани Байденро эълон карданд.
Ин натиҷа Ҷо Байденро ба ҳадафи худ наздиктар кард. Ӯ бояд баъди ду моҳ савганди раисҷумҳуриро ёд кунад.
Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп шикоят карда буд, ки дар баъзе аз иёлот, аз ҷумла, дар Ҷорҷия ҳангоми шумурдани овозҳо ба сохтакориҳо роҳ додаанд. Вале, натиҷаҳои такрорӣ низ Байденро ғолиб дар Ҷорҷия нишон дод.
Дар зимн, рӯзи 5 январ дар ин иёлат марҳилаи дувуми интихобот ба маҷлиси болоии порлумони ИМА – Конгресс барпо мегардад. Агар демократҳо дар ин иёлат ҳар ду мандати порлумониро соҳиб шаванд, назорати Сенатро ба дасти худ хоҳанд гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ