Се амале, ки боиси лаънат аст

Дар давраи ҷаҳонишавӣ зиндагӣ дорем. Чун дигар кишварҳо дар мамлакати мо низ шаҳрсозӣ торафт рушду ривоҷ меёбад. Солҳои охир дар деҳаҳои дурдаст низ биноҳоро дар асоси лоиҳаи намунавӣ ва тартибу қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд карда истодаанд. 
Ба хонаву ҷойи шахсиамон боэътибор бошем. Ҳукуматамон барои сохтани хонаву ҷой замин ҷудо карда истодааст, ки он низ меъёр ва талабҳои хоси худро дорад. Иморатро аз тарафи кӯча мувофиқи қоида созанд ҳам, даруни онро ҳар кӣ бо диди худ месозад. Ҳар як бино аз қисмҳои хонаи асосӣ, ошхона, танӯрхона, ҳоҷатхона, анборхона иборат аст. Сохт ва лоиҳаи инҳо бояд замонавӣ бошад. Дар ҳамин ҷо ду масъала ба миён меояд. Якум, иморатро дар асоси талабҳои умумӣ  бояд сохт, дуюм, ба тозаву озодагӣ, қоидаҳои санитарӣ эътибори алоҳида додан лозим. Худи ҳамин — як маданият. Дур намеравем. Баъзеҳо қубури канализатсияи ҳавлиашонро ба ҷӯйи равони тарафи кӯча мепайванданд. Дар натиҷа, бӯйи бади он ба атроф паҳн мешавад ва бемориҳои гуногун ба миён меоянд. Аз ҷониби дигар, дар оби он ҷӯй бачаҳо оббозӣ мекунанд, яке ҷомашӯйӣ мекунад, дигаре ба чорвояш об медиҳад. 
Пайғамбарамон (с) огоҳ намудаанд: “Аз се амале, ки боиси лаънат аст, эҳтиёт шавед: қазои ҳоҷат дар ҳавзҳои об, байни роҳҳо ва ҷойҳои истироҳатии одамон». Ин ҳадиси шариф хотиррасон мекунад, ки эҳтиёт кардани неъматҳои бебаҳо – оби ҳавзҳо, кӯча ва роҳҳо, ҷойҳои сояву салқин, ки мардум аз онҳо истифода мебарад, аз ҳама муҳим аст.    
Кадоме тобистон молашро дар оби равон оббозӣ медоронад, дигаре молхона, катаки мурғ ва ҳоҷатхонаашро махсус дар гирди сой ё ҷӯй месозад, ки гуноҳи азим аст. Дар баъзе деҳаҳо аҳолӣ аз оби ҳавзҳо баъди такшин шудани партовҳо менӯшанд.
Ба чунин шахсони бемаданият бояд ҷазо дода шавад, барои гирифтани пеши роҳи  ин бетартибиҳо аввало сатҳи маданияти халқро боло бардоштан лозим. Барои пешгирии ин корҳо дар маҳаллаҳо бояд комиссияи махсус созмон дод.  
Баъзе шахсон дудбарои ошхонаашонро ба тарафи ҳамсоя бароварда мемонанд, ки ин ҳам кори нодуруст аст.  
Пайғамбарамон (с) гуфтаанд: “Касе, ки Аллоҳро дӯст медорад, ҳамсояашро бояд ҳурмат кунад”. Дар дигар ҳадиси шариф оварда шудааст: “Ба рӯйи касе, ки ҳамсояаш аз ӯ озор ёфтааст, дарҳои ҷаннат баста хоҳад шуд”.
Аҳамияти поккорӣ ва тозагиро дар ҳадисҳо баланд арзёбӣ кардаанд: “Аллоҳ покизакор аст, покизагиро дӯст медорад. Пас, ҳавлиҳоятонро озода нигоҳ доред!”.
Боз Расулуллоҳ (с.) фармудаанд: “Хона ва саҳни ҳавлиатонро тоза ва саранҷому саришта намоед”. (Ривояти Тирмизӣ).
 Пандемияи имрӯза моро водор намуд, ки бори дигар ба тозагиву озодагии гирду атроф ва гигиенаи шахсӣ риоя намоем. Партовҳоро дар кӯча, пеши назари одамон, умуман, дар ҷойҳои сераҳолӣ набояд партофт. Ҳавлӣ, даруни хона, зарфҳо, гилему палос, либос ва дигар ҷиҳози хонаро ҳамеша бояд тоза нигоҳ дорем, то ҷое, ки дигарон ҳавас кунанд. Инсоният тӯли асрҳо софу покиза нигоҳ доштани оби сой, ҷӯй ва ҳавзҳоро вазифаи худ донистааст. 
Иморати сохтаатон ба ҳаққу ҳамсоя бояд зарар нарасонад. Пайғамбарамон (с) фармудаанд:  «Маскани васеъ, ҳамсояи солеҳ ва маркаби хуб аз саодатманд будани шахси мусалмон дарак медиҳад». Пас, маълум мешавад, ки аз қадимулайём халқи мо бомаданият будааст. Сайёҳе ҳангоми аз Бухорову Самарқанд дидан кардан  ботааҷҷуб  гуфта будааст: «Биноҳои сохтаи ин мардум, мисли дигар чизҳояшон, ба кас хотирҷамъӣ мебахшад». Сохтани иморат талабҳои ба худ хос дорад, аввало набояд аз ҳад зиёд боҳашам бошад, ором ва бароҳат зиндагӣ кардани аъзоёни оиларо дар мадди назар бояд дошт. 

Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддин Нақшбанд,
мударриси мадрасаи Мири Араб.      

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ