Путин дар нишасти “G20” хатарҳои асосии ҷаҳонро номбар кард


Владимири Путин раисҷумҳури Русия дар нишасти “Гурӯҳи 20”, ки онлайн баргузор шуд, бекорӣ ва камбағалиро таҳдидҳои асосии ҷаҳон эътироф кард.
Ба гуфтаи Путин, пандемияи коронавирус ба рушди иқтисоди кишварҳо зарар расонд, боиси марги садҳо ҳазор ва бекор шудани миллионҳо нафар шуд.
Раисҷумҳури Русия гуфт, “Бекорӣ ва набудани таъминоти иҷтимоӣ ки боиси бенавоӣ мешавад, хатари асосӣ аст ва вазифаи “Гурӯҳи 20” роҳ надодан ба он аст”.
Ӯ таъкид кард, ки пандемия ва карантин дар ҷаҳон боиси таваққуфи рушди иқтисод шуд ва буҳрони иқтисодиеро овард, ки баъди Даври бузурги афсӯрдагӣ то ҳол мушоҳида нашуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ