Аҳамияти карантин дар даври пандемия дар мисоли Белгия


Ҳукумати Белгия рӯзи 19 октябр ба далели паҳншавии коронавирус бо суръати баланд дар кишвар карантин ҷорӣ кард. Дар натиҷа, дар ду ҳафта омори (статистика) мубталошавӣ ба коронавирус 61 дарсад кам шуд. Дар ин бора «Korrespondent.net» хабар дод.
Ҳанӯз дар оғози моҳи ноябр дар Белгия нисбати аҳолии солим бо беморони коронавирус – 100 ҳазор нафар ба 1609 бемор буд. Аз ин рӯз Белгия яке аз кишварҳои “пешсаф”-и Аврупо буд.
Ҳоло ин нисбат 100 ҳазор солим ба 688,1 бемор аст.
Дар ин ҳафта ба шумори миёна ҳамарӯза 372 нафар бемори нав ба бемористон муроҷиат кардааст. Ин шумор дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 25 дарсад камтар аст.
Ёдовар мешавем, аз оғози пандемия то ба имрӯз дар Белгия беш аз 500 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ