Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Мавҷи савуми коронавирус мунтазири Аврупо аст


Дэвид Набарро, фиристодаи махсуси созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки савумин мавҷи пандемияи коронавирус дар оғози соли 2021 Аврупоро фаро хоҳад гирифт. Дар ин бора CH Media хабар дод.
Ба гуфтаи Набарро, “кишварҳои Аврупо вақте, ки мавҷи аввалро зери назорат гирифтанд, барои пешгирии мавҷи дувум аз моҳҳои тобистонӣ истифода набурданд. Агар онҳо дар сатҳи зарурӣ омода навашанд, дар оғози соли оянда бо мавҷи савум рӯбарӯ хоҳанд шуд”.
Ҳоло аксарияти кишварҳои аврупоӣ бояд назорати пандемияро ба даст гиранд, вале бе он, ки карантин ва инзивои қатъӣ ҷорӣ кунанд, зеро, ин гуна маҳдудиятҳо аз ҷиҳати молиявӣ хеле зарар мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ