Эътирозгарони Қирғизистон: “Ҷумҳуриро ба хонигарӣ табдил надиҳед”


Дар пойтахти Қирғизистон садҳо нафар бар зидди тағйири сарқонуни кишвар намоиш баргузор мекунанд.
Бино ба хабари Регнум ба нақл аз «24kg», эътирозгарон дар хиёбони Эркиндики Бишкек ҷамъ шуданд. Онҳо дар даст шиорҳои гуногун бардоштаанд, ки мазмуни он талаби тағйир надодани сарқонун ва “ба хонигарӣ табдил надодани ҷумҳурӣ” аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Қирғизистон рӯзи 10 январи соли 2021, ҳамзамон бо интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор кардани ҳамапурсии тағйири сарқонунро пешниҳод кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ