“Музокираҳои афғонӣ”-и Помпео дар Қатар


Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар шаҳри Дӯҳа – пойтахти Қатар бо намояндагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон мулоқот кард. Мулоқоти ӯ бо ду тараф ба алоҳидагӣ барпо шуд.
Помпео таъкид кард, ки дар музокираҳо ҷараёни пешравӣ дида мешаванд. Бино ба маълумоти додашуда, тарафҳо бар сари масъалаҳои асосӣ созиш кардаанд ва ба зудӣ метавонанд баррасии бандҳои калидиро оғоз кунанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси шӯрои олии сулҳи миллии Афғонистон дар поёни мулоқот гуфт, “Ҳатто, агар оташбаси комил ҳоло ғайримумкин аст, зӯровариро коҳиш диҳем, то одамон ҷараёни дигаргуниҳоро бубинанд ва эҳсос кунанд”.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш аз музокираҳои Қатар пойтахти Афғонистон дучори ҳамлаи мушакӣ шуд. Дар натиҷа, 10 нафар кушта ва беш аз 50 нафар захмӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ