Ривоҷ додани соҳаи чорводорӣ — талаби замона

Бино ба ҳолати 1-уми октябри соли 2020 адади чорвои шохдори калони вилояти Самарқанд ба 1586 ҳазор сар расид. Нисбати ҳамин даври соли 2019 адади чорвои шохдори калон дар хоҷагиҳои тоифаҳои гуногун ба 2,6 ҳазор сар (0,2 дарсад) афзудааст. 94,8 дар сади чорвои шохдори калон ба ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (ёрирасони шахсӣ) рост меояд. Бештар дар ноҳияҳои Пастдарғам (183,7 ҳазор сар), Ургут (181,5 ҳазор сар), Каттақӯрғон (140,7 ҳазор сар), Иштихон (128,5 ҳазор сар) чорвои шохдори калон мепоянд. Дар ин бора Хизмати ахбори Садорати статистикаи вилоят маълумот додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ