«ШАҲРИ ШИНОВАР»

Ба қарибӣ аз верф ( корхонаи киштисозӣ ва таъмири киштӣ) — и Сен — Назар ( Франсия) киштии дар таърихи инсоният аз ҳама калонтарин » Harmony of the Seas» ( «Мутаносиби баҳрҳо», » Гармония морей»)- и ширкати круизии » RoyalCaribbean International» ба об фароварда шуд. Сохтмони кишти дуним сол давом кард. Баъди ду рӯз киштӣ ба Саутхэмптон ( Англия ) омад, то ки аз он ҷо ба аввалин рейси худ ба Роттердам равад.Ин кишти ҳам чун дигар киштиҳои ширкат зери парчами багамӣ шино мекунад ва барояш Нассауи Барселона бандари доимӣ аст.

Андозаҳои киштии «Мутаносиби баҳрҳо»…ҳайратоваранд:
Дарозиаш 362 метр, 18 — то саҳна дорад, зарфият — 200 ҳазор тонна! Аз киштии андӯҳовару машҳури » Титаник» 100 метр дароз буда, зарфияташ қариб панҷ баробар зиёд мебошад.Киштӣ метавонад то 9 ҳазор мусофир гирад.Онро шаҳри шиновар шӯем ҳам мешавад. Ҳатто барои вертолёт майдонча дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ