Кадом ваксинаи зидди коронавирус харидори бештар дорад?


Ваксинаи зидди коронавируси ширкати AstraZeneca, ки нархи як дозаи он 4-5 доллар аст, нисбат ба дигар ваксинаҳои ҷаҳон бештар харидор дорад. Дар ин бора Блумберг хабар дод.
Ширкати AstraZeneca эълон кардааст, ки дар даври пандемия мақсади фоида гирифтан надорад. Харидорталабии ваксинаи ин ширкат низ ба далели арзон будани он аст.
Барои муқоиса, нархи як дозаи ваксинаи Pfizer 19,5 доллар ва ваксинаи Moderna 32-37 доллар аст.
Бино ба хабари Блумберг, 40 дарсади ваксинаҳои AstraZeneca-ро кишварҳои камдаромад харид мекунанд.
Ҳамчунин, як бартарии ваксинаи AstraZeneca ҳамин аст, ки онро дар яхдони оддӣ нигоҳ доштан мумкин. Ин дар ҳолест, ки барои нигоҳдории ваксинаи Pfizer -70 дараҷа сардӣ зарур аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ