Байден рӯзи 24 ноябр аъзои маъмурияти худро эълон мекунад


Рӯзи 24 ноябр Ҷо Байден, раисҷумҳури навинтихоби ИМА номи мақомоти маъмурияти худро эълон мекунад. Дар ин бора Рон Клейн, раиси дастгоҳи кормандони Қасри Сафед хабар дод.
Ба гуфтаи Клейн, Байден дақиқан маълум мекунад, ки кӣ ба кадом вазифа таъин мегардад.
Дар зимн, Ҷеннифер Псаки, мушовири гурӯҳи муваққати Байден гуфтааст, ки таъинот дар давоми ҳафта эълон мегардад.
Ҳанӯз идораи масъалаҳои маъмуриятии ИМА Байденро ҳамчун раисҷумҳури нав эътироф накардааст, ба ҳамин далел, то таъсис ёфтани гурӯҳи раисҷумҳури нав душвориҳои муайяне дар пеши Байден қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ