Ӯзбекистон ва Афғонистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим созишномаи имзо карданд

Донишҷӯёни Афғонистон аз ин ва баъд метавонанд, дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил кунанд, ду донишгоҳ ҳамчунин дар бораи баргузории барномаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Бино ба гузориши манбаъ, Вазорати таълими миёна ва олии Ӯзбекистон ва вазорати таҳсилоти олии Афғонистон дар шаҳри Тошканд созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
«Меморандуми имзошуда таҳсили донишҷӯёни Афғонистон дар Ӯзбекистонро дар назар дорад», — омадааст дар хабарнома.
Дар ин санад инчунин тартиби мубодилаи маводҳои таълимию методӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар, иштироки мутахассисон дар чорабиниҳои таълимӣ, ҳамкорӣ дар корҳои илмӣ ва омодасозии якҷояи мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ муайян карда шудааст.
Манбаъ ёдоварӣ карда, ки моҳи январи соли 2018 дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон барои таҳсилоти шаҳрвандони Афғонистон маркази вижа ифтитоҳ гардида буд.
Дар ин марказ кадрҳо барои барномаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус, касбӣ, инчунин бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар соҳаҳои гуманитарӣ, педагогӣ ва муҳандисӣ-техникӣ омода карда мешаванд.
Тибқи иттилоъи Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, дар давоми ду сол дар ин марказ 96 нафар донишҷӯёни афғон таълим гирифтаанд. Ҳоло дар ин ҷо 172 нафар шаҳрвандони Афғонистон таҳсил мекунанд.
«Ғайр аз ин, қарор аст, бо дастгирӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Урупо моҳи декабри соли равон боз 10 донишҷӯи дигар аз Афғонистон барои таҳсил дар соҳаи кишоварзӣ ба Ӯзбекистон оянд», — афзуд манбаъ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ