Санаи баргузории ҷанги Конор Макгрегор ва Дастин Порйе аниқ гардид

Президенти UFC Дана Уайт замони баргузории рақобати Конор Макгрегори ирландӣ ва Дастин Порйеи амрикоиро эълон кард.
Бино ба иттилои пойгоҳҳои варзишӣ, дар бораи набарди рақибон — Конор Макгрегор ва Дастин Порйе шартнома баста шудааст.
Ба асоси қарордод, дар назар аст, ки муборизаи мазкур санаи 23-юми январ дар «Ҷазираи муҳорибаҳо» -и Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шавад.
Рақобати Конор Макгрегор ва Дастин Порйе 23-юми январ дар доираи мусобиқаи UFC 257 баргузор мешавад.
Дана Уайт мегӯяд муҳорибаи мазкур барои ягон унвони қаҳрамонӣ набуда, Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамон боқӣ хоҳад монд.
Қаблан дар назар буд рақобати Макгрегор ва Порйе рӯзи 12 декабр дар шаҳри Дублин доир шавад, аммо Дана Уайт, роҳбари UFC ба хулосае омад, ки як рақобати бузург миёни ин варзишгарон гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем ин дуввумин рақобати Конор ва Порйе аст. Онҳо соли 2014 бо ҳам вохӯрда буданд, ки Макгрегор Порйеро тариқи нокаут шикаст дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ