Об масъалаи ҳалкунандаи тақдири ояндаамон мешавад

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба ҳолати дар солҳои 2021–2023 аз ҳисоби маблағи буҷаи давлатӣ дар вилоят бунёд кардани объектҳои ирригатсионӣ-­мелиоративӣ, реконструксиякунонӣ, дар ривоҷдиҳии хоҷагии қишлоқ ҷоринамоии технологияҳои обсарфакунанда, иҷрои вазифаҳо дар ин бобат ва хабардоркунӣ аз навиди соҳа анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар анҷуман роҳбар ва вакилони Садорати ҳавзаи сохторҳои ирригатсиони (СҲСИ) – и «Зарафшон» иштирок карданд.
Тадбирро раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев кушод.
Сарвари СҲСИ «Зарафшон» Фарҳод Раҷабов дар баромади худ асосан дар бораи бо об кафолатнок таъмин кардани истеъмолгарони об, ҳангоми ҳифзи хуби сохторҳои ирригатсия ва мелиоратсия, корҳои сохтмонии обанборҳои «Булунғур», «Ақчобсой», «Анжирли» ва ғайра, ҳолати ҷоринамоии технологияҳои обсарфакунанда дар ривоҷи хоҷагии қишлоқи вилоят, тадбирҳои гузаронидашудаи мелиоративӣ, реконструксияи сохтори каналҳо ва ҷӯйи бетонӣ (лоток), азхудкунии майдонҳои нави корам, норасоии об дар минтақа ва ғайра ҳарф зад.
Таъкид гардид, ки ҳавза дар асоси фармон, қарор ва нишондодҳои ба соҳа дахлдори ҳукумат назди худ вазифаҳои аниқ пеш гузоштааст. Дар соли 2021 корҳои сохтмонии обанборҳои «Булунғур» (ҳаҷми зарфияташ 100 миллион метри мукааб) ва «Ақчобсой» (зинаи дуввум) ба анҷом мерасад. Сохтмони обанбори «Анҷирли»-и ноҳияи Нуробод оғоз мешавад.
Ба ғайр аз ин, дар соли оянда 219 километр канал, 44,4 километр сохтори ҷӯйҳои бетонӣ реконструксия мегарданд, 4 адад чоҳи обкашӣ, 3 иншооти гидротехникӣ сохта мешавад.
Дар оянда роҳи ягонаи қонеъгардонӣ бо об дар истифодабарии илмии об-васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои обсарфкунанда мебошад.
Дар вилоятамон солҳои охир барои бо истифодаи технологияҳои обсарфакунанда ташкил кардани обёрии майдонҳои кишт эътибори ҷудогона дода мешавад.
Бе об ҳаёт нест ва он масъалаи ҳалкунандаи тақдири ояндаамон мебошад.
Дар поёни тадбир роҳбару мутахассисони ҳавза ба саволҳои журналистон ва блогерҳо посух доданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ