Монеаҳои «плёнка»-гии таксиҳо то чӣ андоза самарабахшанд?

Маҳдудиятҳои карантин, ки дар даври пандемияи коронавирус ҷорӣ гардиданд, мувофиқи вазъият, зуд-­зуд тағйир ёфта, бекор карда мешаванд. Масалан, туннелҳои дизинфексионӣ муддати зиёд истифода шуданд ва дертар бесамару зараровар будани онҳо аён гардида, истифодаи чунин нақбҳо боздошта шуд. Инчунин, ронандагоне, ки ба балони мошин аз чӣ сабаб пошидани маҳлули хлорро нафаҳмида, асабонӣ мегардиданд ва барои тоза кардани қатраҳои хлор, ки ба дигар ҷойи автомобилашон зарар мерасонд, бо худ панҷ-­шаш литр об гирифта мегаштанд, хеле осуда гардиданд.
Ба назари мо, боз як тартибе дигаре ҳаст, ки бояд бекор карда шавад. Ин бо «плёнка»-ҳое вобаста мебошад, ки дар мусофиркашонҳои бесамт гузошта шудаанд.
Чанде пеш дар телевизион лавҳаи танқидӣ дар бораи вайрон гардидани маҳдудиятҳои карантин пахш гардид. Вақте, ки ронандаи мусофиркашони бесамтро барои дар мошин нагузоштани садди «плёнка»-гӣ танқид карданд, ӯ баҳона пеш овард, ки агар «плёнка» гузорад, аксари мусофирон аз нишастан сар мекашанд. Ин фикри ронандаро баҳона гуфта ҳам наметавонем. Ман яке аз онҳое ҳастам, ки ба чунин мусофиркашонҳои садди «плёнка»-гӣ дошта нишастанро намехоҳам. Дар фасли тобистон як-­ду маротиба аз хизмати чунин таксиҳо, ки монеаи «плёнка»-гӣ доранд, истифода намуда, дар онҳо вайрон гардидани гардиши ҳавои даруни мошинро эҳсос намудам. Одам дар чунин мусофиркашонҳо нафастанг мешавад. Гӯё ба вакум афтода бошад. Тасаввур кунед, ки дар чунин таксиҳо нишастан барои одамони гирифтори фишори хун, бемориҳои дилу раг, астма то чӣ андоза душвор аст.
Дар тобистон тирезаи мошинро поён карда, ин ноқулайиро камтар бартараф кардан мумкин. Аммо имрӯзҳо, ки ҳаво сард шудааст, кушодани оинаҳо ғайриимкон мебошад. Шифокорон ба сифати профилактикаи коронавирус тез-­тез шамол додани хонаҳоро тавсия медиҳанд. Ба ин масъала аз ҳамин нуқтаи назар нигоҳ кунем, дар кабинаи автомобилҳои садди «плёнка»-гӣ ё пластикӣ дошта оё гардиши ҳаворо ташкил карда метавонем? Фараз кардем, ки дар нишастгоҳи қафои мошин ду мусофир нишастаанд ва яке аз онҳо аз инфексияи коронавирус зарар дидааст. Магар чунин муҳит эҳтимоли сирояти вирусро зиёд намекунад? Дар чунин шароит ду-­се соат роҳ гарданд, вазъият боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд. Худо накардаву вирус дар «плёнка» ё плас­тик бошад, чӣ мешавад?
Худ аз худ савол ба миён меояд: вақте, ки миллионҳо нафар шаҳрвандони мо дар автомошинаҳои шахсии худ 4–5 нафар шуда, бемалол ҳаракат мекунанд, дар нақлиёти ҷамоатӣ 15–20 нафар ва беш аз он мусофирон менишинанд, дар мусофиркашонҳои бесамт гузоштани садди «плёнка»-гӣ ва пластикӣ (агар безарар бошанд ҳам) дар пешгирии сирояти коронавирус чӣ гуна аҳамият доранд?

Муҳаббат ТЎРАБОЕВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ